Ссылки доступа

Қирғизистон дар зимистон аз Қазоқистон неруи барқ хариданист


Қирғизистон ба далели пеш омадани камобӣ мехоҳад, аз Қазоқистон 500 млн кВт/соат неруи барқ харидорӣ кунад.

Ин миқдор неруи барқ бояд барои гузаронидани тирамоҳу зимистон кофӣ бошад. Дар ин бора раиси ширкати миллии барқи Қирғизистон Айтмамат Назаров хабар дод.

Ба гуфта Назаров, бино бар пешбиниҳо, то моҳи октябри соли равон ҳаҷми оби обанбори Токтогул ҳудуди 14,9 млрд метри мукаабро ташкил хоҳад дод. Соли гузашта дар ин шабу рӯз 17-19 млрд метри мукааб буд.

Раиси ширкати миллии барқи Қирғизистон раҳбарони шабакаҳои барқии ноҳияҳои кишварашро ҳушдор дод, ки барои ҳар як садамаи рухдода ва қатъи интиқоли нерӯи барқ ба сокинон, аз ҷумла дар фасли тирамоҳу зимистон шахсан ҷавоб хоҳанд гуфт.

Пештар ширкати "Северэлектро", ки 40 дарсади нерӯи барқро дар Қирғизистон таъмин мекунад, гуфт, дар мавсими тирамоҳу зимистони ҷорӣ дар он кишвар камбуди неруи барқ пешбинӣ карда мешавад. Ин камбуд ба сатҳи ками об дар обанбори Токтогул рабт дорад.

Ҳукумати Қирғизистон ҳанӯз дар ибтидои соли ҷорӣ аз камобӣ хабар дода буд. Он замон гуфта мешуд, ки дар тамоми обанборҳои кишвар сатҳи об 10-12 дарсад аз меъёри муқаррарӣ кам хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG