Ссылки доступа

Боздошти 11 донишҷӯи туркманистонӣ дар эътирозҳои Беларус


Протесты в Белороуссии. Минск. 12 августа 2020 г.
Протесты в Белороуссии. Минск. 12 августа 2020 г.

Рӯзноманигори рус Семён Пегов, ки дар Беларус боздошт гашта буд, 11 август озод шуд. Ӯ хабар дод, ки ҳамроҳи вай чанд шаҳрванди Туркманистон ва кишварҳои дигар низ дар ҳабс буданд.

Ин шаҳрвандони хориҷӣ ва рӯзноманигори русро 10 август дар ҷараёни эътирозҳо зидди натиҷаҳои расмии интихоботи президентии Беларус дар шаҳри Минск дастгир кардаанд.

"Боздоштгоҳҳо "лабрез" шудаанд. Рӯйхати умумие вуҷуд надорад. Шахсеро дар ин боздоштгоҳҳо пайдо кардан имкон надорад. Ҳамроҳи мо дар боздоштгоҳ шаҳрвандони Итолиё, Швейтсария, Қирғизистон ва Туркманистон ҳам буданд. Онҳо низ ҳоло кумак мехоҳанд", - гуфтааст рӯзноманигор дар суҳбат бо расонаҳои Русия.

Дар ҳамин ҳол "Хроника Туркменистана" бо истинод ба манбаи худ иттилоъ додааст, ки вазоратхонаҳои умури хориҷӣ ва дохилии Беларус ҳамтоёни туркмани худро аз боздошт шудани 11 донишҷӯи Туркманистон дар рафти эътирозҳо огаҳ кардаанд.

XS
SM
MD
LG