Ссылки доступа

Мансабдорони тоҷик минбаъд парандаву чорвои худро низ дар эъломия қайд мекунанд


Ҳукумати Тоҷикистон шаклҳои нави эъломия дар бораи даромад ва дороиҳои хидматчиёни давлатиро қабул кард.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллии кишвар хабар медиҳанд. Мансабдорони давлатӣ дар эъломияи пешин ҳаҷми маош, даромад, хона, қитъаи замин ва мошинҳои худро қайд мекарданд.

Дар эъломияи андоз аз даромад онҳо ҳамакнун дар баробари маош бояд даромади худ аз фаъолиятҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ, даромад аз иҷораи манзил ва замин, амонатгузорӣ дар бонк ва коғазҳои қиматнокро низ бояд қайд кунанд.

Дар эъломияи дороӣ мансабдорон дар баробари амволи манқулу мошин вазифадор ҳастанд, ки шумори чорво, паранда, сангу металҳои қиматбаҳои худро низ бояд нишон диҳанд.

Эъломияи мансабдорон ҳамасола бояд то 1 апрел ба Кумитаи андози Тоҷикистон пешниҳод шавад. Бар асоси қонугузории кишвар, дар сурати пешниҳод накардани эъломия хидматчии давлатӣ аз кор озод мешавад ё ба кор қабул нахоҳад шуд.

Кодекси андози Тоҷикистон расонаӣ кардани эъломияи мансабдоронро манъ мекунад. Нашри он танҳо бо розигии худи мансабдор имкон дорад. Ин дар ҳолест, ки дар баъзе аз кишварҳо ба хотири шаффофият ва мубориза бо коррупсия дастрасӣ ба эъломияи мансабдорон озод аст.

XS
SM
MD
LG