Маросими видоъ бо Гулназар Келдӣ шоми панҷшанбе дар назди бинои Иттиҳоди адибон ва сипас намози ҷанозааш дар оромгоҳи Лучоб баргузор шуд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, раиси ҷумҳур даргузашти шоирро дар паёме "ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум" таслият гуфтааст.
Дилписанд Келдиев, писари шоир, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки падараш рӯзи 13-уми август дар бемористон ҷон дод ва "ҷасадро тавассути мошинии Ёрии таъҷилӣ оварданд".
Гулназар Келдӣ, шоири халқии Тоҷикистонро ҳафтаи гузашта бо гумони мубтало шудан ба бемории коронавируси нав дар шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бистарӣ карданд. Худи ӯ рӯзи 4-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зиёд месур(л)фад. Рӯзҳои ахир зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд.
Ато Мирхоҷа, мувоини раиси Иттифоқи нависандагон:
“Бояд моҳи сентябр 75-солагии устод Гулназарро ҷашн мегирифтем ва ба ин муносибат Иттифоқи нависандагон омодагии хеле хуб гирифта буд, вале муаяссар нашуд. Ӯ боҳунартарин шоир, нависанда ва драматурги мо буд. Ба кадом жанри адабие, ки рӯ овардааст, ҳатман муваффақ шудааст. Ҳамеша сухани нав мегуфт, яккатози адабиёти имрӯзаи мо буд.”
Аскар Ҳаким, шоири тоҷик:
"Марги Гулназар бузургтарин талафот барои шеъри муосири тоҷик аст. На танҳо дар шеър кор карданд, балки барои бачаҳо бо забони имрӯз китобҳо навиштанд. Гулназар вақтҳои охир шеърҳои бисёр мухтасари аз ду ё се байт иборат менавистанд, ки дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” чоп мешуд. Ин навъи шеър бисёр мушкил буда, дар ҳолати расидан ба дараҷаи камолот гуфтан мумкин аст. Шеърҳои Гулназар намунаи ҳамин гуна шеърҳои баркамоли олиҷаноб буданд. Баъди даргузашти чунин шахсияти дурахшон як кумисюн ташкил мешавад, ки он пешниҳодҳои худро мекунад ва ҳатман дар Душанбе ягон иншоот, мавзеъ, китобхона ва ё кӯчаро ба номаш мегузоранд”.
Амирбеки Мӯсо, раиси Иттифоқи оҳангсозон:
“Ду моҳ пеш як либретаи хеле бузург аз тарафи устод пешниҳод шуд ва ин бо унвони “Достони Нур” буд, ки мо ҳамроҳ тайи се моҳ шабонарӯзи рӯйи он кор кардем. Ин ин асарро чоп карда, ният доштем дар театри “Опера ва балети”-и ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузорем, аммо нашуд.”
Раҳмат Назрӣ, шоири тоҷик:
"Даргузашти Гулназар Келдӣ талафоти ҷиддӣ барои шеъру насри тоҷик аст. Ӯ бо мактаби хоси худ дар тарбияи адибони ҷавон саҳми муҳим дошт. Гулназар аз ҷумлаи насли дигарандеш дар шеъри муосири тоҷик буд, ба мисли Муъмин Қаноату Лоиқ ва Гулрухсору Бозор. Вай то охири умри худ ҳамчун муовини раиси Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ буд ва мо дар як утоқ менишастем. Инсонияти Гулназар баланд буд, вале афсӯс бар асари беморӣ даргузашт ва моро тарк кард."