Ссылки доступа

Барқи 10 ҳазор сокини Бишкек ба далели қарздорӣ қатъ мешавад


Ширкати тақсимоти нерӯи барқ дар Қирғизистон -- "Северэлектро" тасмим дорад, рӯзҳои 17 ва 18 август интиқоли барқ ба 10 ҳазор муштариро ба далели пардохт накардани қарзҳояшон қатъ кунад.

"Северэлектро" мегӯяд, аз 26 марти соли равон бо тавсияи ҳукумати Қирғизистон барои се моҳ нерӯи барқи муштариёни қарздорро қатъ накард. Вале ҳоло ки ҳамаи шуъбаҳои почта фаъолият доранд, "Северэлектро" ба низоми муқаррарии кор бармегардад.

Қатъи интиқоли нерӯи барқ ба сокинон фосилавӣ сурат гирифта, муштариёни қарздор метавонанд, қарзҳоро пардохт намоянд.

Ин бори аввал хоҳад буд, ки дар шаҳри Бишкек якбора нерӯи барқи 10 ҳазор муштарӣ қатъ карда мешавад.

XS
SM
MD
LG