Ссылки доступа

Додгоҳи олии Беларус рӯйхати 566 эътирозгари боздоштшударо нашр кард


Цепь солидарности в Минске
Цепь солидарности в Минске

Сомонаи Додгоҳи олии Беларус номи 566 иштирокчии эътирозҳои ин кишварро нашр кард, ки 11 август боздошт шудаанд. Сухан дар бораи онҳое меравад, ки шаби аввали эътирозҳо дастгир гардидаанд.

Бар асоси рӯйхат, дастгиршудаҳо аз 4 то 25 шабонарӯз ҳабс шудаанд. Бештари онҳо ба муҳлати 15 рӯз ҳабс гаштаанд.

Эътирозҳо зидди натиҷаҳои расмии интихоботи президентии Беларус рӯзи панҷум низ идома ёфтанд. Пулис дар рӯзи аввал барои пароканда кардани ҷамъшудаҳо аз тирҳои резинӣ, гази ашковар, мошинҳои обпош ва норинҷакҳои садоӣ истифода ва садҳо нафарро дастгир кард.

Дар натиҷаи саркӯби эътирозгарон садҳо тани дигар боздошт шуда, як нафар - Александр Тарайковскийи 34-сола ба ҳалокат расид. Ба иттилои расмӣ, дар дасти ӯ дастгоҳе таркида, ки гӯиё мехост ба тарафи нерӯҳои таъйиноти махсус партояд. Вале наздиконаш ба ин суханҳо бовар надоранд.

Александр Лукашенко, ки дубора барандаи интихоботи президентии Беларус эълом шуд, эътирозҳоро нодида гирифта, дар мазҳари ом ҳозир намешавад. Раҳбарони Лаҳистон ва кишварҳои Балтик аз ӯ даъват карданд, ки "истифодаи нерӯ зидди мардуми худро қатъ, эътирозгарони боздоштшударо озод ва гуфтугӯ бо тазоҳургаронро оғоз кунад".

XS
SM
MD
LG