Ссылки доступа

Мақомоти Беларус як қисми боздоштшудаҳоро озод карданд


Дар Беларус 13 август даҳҳо ҳазор одам дар эътирозҳои осоишта зидди натиҷаҳои расмии интихоботи президентии ин кишвар иштирок карданд. Ин рӯзи панҷум аст, ки сокинони Беларус алайҳи дубора президенти ин кишвар эълом шудани Александр Лукашенко даст ба эътироз мезананд.

Мақомоти Беларус ба хотири коҳиши ташаннуҷ шаби 13 ба 14 август беш аз ҳазор эътирозгари боздоштшударо озод карданд ва вазири умури дохилии ин кишвар дар як изҳороти худ барои истифодаи нерӯ зидди роҳгузарони тасодуфӣ узр пурсид.

"Ман масъулиятро бар зимма мегирам ва аз онҳое, ки тасодуфан дар маҳалли эътирозҳо ҳузур доштанду захм бардоштаанд, узр мепурсам", - изҳор дошт вазири умури дохилии Беларус Юрий Караев.

Яке аз ҷонибдорони дигари Лукашенко, раиси Шӯрои миллии Беларус Наталя Кочанова гуфт, президент дастур додааст, ки ба масъалаи боздошти иштирокдорони ҳамоишҳои эътирозӣ расидагӣ шавад. "Ба мо занозанӣ ва ҷанг лозим нест. Дишаб беш аз ҳазор боздоштшуда ба шарти иштирок накардан дар ҳамоишҳои бидуни иҷозат озод шуданд", - афзуд Кочанова.

Дар натиҷаи саркӯби эътирозҳои Беларус садҳо нафар осеб дида, дасти кам ду нафар ҷон бохтааст. Нерӯҳои таъйиноти махсуси Беларус одамонро дар кӯчаҳо бо чӯбдасти резинӣ латтукӯб ва дар баъзеи ҳолатҳо зидди тазоҳургарон аз силоҳ истифода карданд.

XS
SM
MD
LG