Ссылки доступа

СММ ба ӯзбекистониҳои осебдида аз коронавирус кумак мекунад


Намояндагии СММ дар Ӯзбекистон барои дастгирии сокинони ин кишвар, ки дар натиҷаи ҳамагир шудани коронавирус аз ҳама бештар осеб дидаанд, барномаи муштаракеро бо буҷаи 1 миллион доллар роҳандозӣ мекунад.

Ба иттилои намояндагии Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон, дар иҷрои тарҳи мазкур Бунёди кӯдакони СММ, Хазинаи СММ ва Созмони байналмилалии муҳоҷират иштирок хоҳанд кард.

Дар миёни шарикони дохилӣ Комиссия оид ба масъалаҳои баробарии гендерии назди Сенати Ӯзбекистон, вазоратхонаҳои рушди иқтисодӣ, коҳиши фақр, дастгирии хонавода ва маҳаллаҳо, молия, шуғл ва муносибатҳои корӣ, маориф, умури дохилӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар низ ҳастанд.

Дар доираи барномаи муштарак ба кормандони бахшҳои ғайрирасмӣ, ки кори худро аз даст додаанд, бахусус ҷавонону занон, аз ҷумла бонувони дорои имкониятҳои маҳдуд ва сарпарасти оила кумаки техникиву молӣ расонида мешавад.

Ҳамчунин хонаводаҳое, ки аз минтақаҳои ҷангӣ баргаштаанд, кумаки равониву ҳуқуқӣ дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG