Ссылки доступа

Нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон дар пайи норозигии донишҷӯён поин бурда шуд


В десятках группах в Telegram'е узбекские студенты потребовали от правительства снизить стоимость контрактов в вузах с учетом снижения платежеспособности населения в условиях пандемии.
В десятках группах в Telegram'е узбекские студенты потребовали от правительства снизить стоимость контрактов в вузах с учетом снижения платежеспособности населения в условиях пандемии.

Афзоиши норозигии донишҷӯён вазоратҳои маориф ва молияи Ӯзбекистонро маҷбур кард, ки нархи таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишварро то 10 дарсад поин баранд.

Ба ҷуз ин, донишгоҳҳо ба донишҷӯёни ятим, маъюб ва аз хонаводаҳои ниёзманд кумак хоҳанд кард. Ба огаҳии Вазорати маорифи Ӯзбекистон, ҳаҷми кумак ба донишҷӯёни ниёзманд то 4 миллион сӯм (ҳудуди 400 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Қарори кумак ба донишҷӯёни мазкур дар пайи афзоиши норозигии донишомӯзон дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом шуд. Ба норозигии донишҷӯён изҳороти ахири мақомоти ӯзбек сабаб шуд, ки гуфтанд, нархи таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар имсол тағйир намеёбад.

Дар натиҷа ҷавонон тавассути даҳҳо гуруҳи гуногун дар Телеграм аз ҳукумати Ӯзбекистон даъват карданд, ки нархи таҳсил дар донишгоҳҳо бо назардошти шароити сокинон ва ҳамагир шудани коронавирус поин бурда шавад.

XS
SM
MD
LG