Ссылки доступа

Ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон иҷозати гузаронидани анҷуманро дарёфт карданд


Комиссияи ҳимояти шаҳрвандӣ дар Қирғизистон ба ҳизбҳои сиёсии ин кишвар иҷозат дод, ки анҷуманҳои худро бо риояи қоидаҳои санитарӣ дар шаҳри Бишкек баргузор кунанд.

Ба огаҳии шаҳрдории Бишкек, макони анҷуманҳо бояд пешакӣ бо маводи зиддиуфунӣ безарар гардонида шавад. Ба ҷуз ин, шумори иштирокдорон набояд аз 100 нафар бештар бошад.

Талаботи дигар:

- дар толор барои риояи меъёрҳои санитарӣ ҳамаи шароит бояд фароҳам бошад;

- ҳангоми вуруд тасфи иштирокдорон санҷида ва дастҳояшон зиддиуфунӣ карда шавад;

- фосилаи иштирокдорон аз ҳамдигар бояд 1,5-2 метр бошад;

- ҳамаи иштирокдорон бояд ниқоб дошта бошанд ва бо маводи муҳофизати шахсӣ таъмин карда шаванд;

- шахсоне, ки ҳарорати баданашон аз 37 дараҷа болост, набояд роҳ дода шаванд.

Бар асоси қонунгузории Қирғизистон, ҳизбҳои сиёсӣ бояд бо баргузории анҷуман рӯйхати номзадҳои худро то 20 август ба Комиссияи марказии интихоботӣ пешниҳод кунанд.

XS
SM
MD
LG