Идораи маорифи Бишкек дар робита ба ин ҳолат санҷиши дохилиеро анҷом дода, омӯзгореро, ки барои "ғизои мудир ва харҷҳои дигар" пул ҷамъ мекард, аз кор рондааст. Мудири Мактаб И. А. Борисова барои нақзи қарори манъи ҷамъоварии маблағ дар мактабҳо танбеҳ гирифтааст ва масъалаи аз кор ронда шудани ӯ низ дар баррасӣ қарор дорад.
Вазорати маорифи Қирғизистон моҳи октябри соли 2019 фармонеро содир кард, ки ҳама гуна ҷамъоварии маблағро дар мактабҳо аз сӯи омӯзгорон ва маъмуриятҳо манъ менамояд.
Ҳамчунин иштироки намояндагони мактабҳо дар кори шӯро ва кумитаҳои волидон ҳангоми баррасии масъалаҳои молӣ манъ мебошад.