Ба иттилои сомонаи Вазорати умури дохилии Қазоқистон, ин мард шаби 15 август дар манзили зисташ захмӣ корд бардошта, ба бунгоҳи тиббии деҳаи Шелек интиқол дода шудааст, вале табибон ӯро наҷот дода натавонистаанд.
Сомонаи Polisia.kz баъд аз як хабари расонаи маҳаллии Vlast.kz дар ин бора иттилоъ дод. Vlast.kz бо истинод ба шоҳидон ва манбаъҳои худ хабар дода буд, ки пулис роҳ ба сӯи деҳаи Байдибек-биро баста, аз сокинон даъват менамояд, хонаҳои худро тарк накунанд. Вале мақомот ин хабарро рад карда, гуфтанд, роҳ ба сӯи деҳаи мазкур боз аст.
"Дар робита ба боздошти гумонбарон амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад ва вазъ зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад", - омадааст дар иттилоияи пулиси Алмато.
Байдибек-бӣ (собиқ деҳаи Маловодное) дар 70-километрии Алмато ҷойгир аст. Моҳҳои март ва апрели соли 2007 дар ин деҳа миёни сокинони маҳаллии қазоқ ва чечентаборон низоъ сар зада буд, ки 5 кушта бар ҷой гузошт.