Ссылки доступа

"Uzbekistan Airways" парвозҳои байналмилалиро то охири август бекор кард


Ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон (Uzbekistan Airways) дар бораи лағви парвозҳои байналмилалӣ ва як қисми парвозҳои дохилие хабар дод, ки қарор буд аз 16 то 31 августи соли равон анҷом шаванд.

Ба огаҳии ширкат, парвозҳои чартерӣ бар асоси ҷадвали тасдиқшуда сурат хоҳанд гирифт.

"Uzbekistan Airways" гуфтааст, тасмими бекор кардани парвозҳо бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои дигар ва марказҳои маъмурии худи Ӯзбекистон гирифта шудааст.

Ёдрас мешвем, "Uzbekistan Airways" аз 16 августи соли равон парвозҳо дар масири "Тошканд-Нукус" ва "Тирмиз-Ургенч"-ро аз сар гирифта буд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии Ӯзбекистон, қарор аст рӯзҳои наздик шаҳрвандони ин кишвар аз ИМА, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия, АМА ва Беларус баргардонида шаванд. Барои баргардонидани онҳо аз 15 то 30 август 23 парвози чартерӣ анҷом мешавад.

XS
SM
MD
LG