Ссылки доступа

Дар Беларус корпартоии умумимиллӣ ҷараён дорад


Дар Беларус 17 август рӯзи корпартоии умумимиллӣ эълом шудааст. Пештар яқ қатор ширкатҳо дар саросари Беларус, аз ҷумла МТЗ (Корхонаи тракторсозии Минск), "Гродно Азот", МАЗ, "Белшина" ва БМЗ эълом карданд, ки дар он иштирок мекунанд.

Коргарони "Беларускалия" низ субҳи 17 август корпартоии худро тасдиқ карданд. Кормандони БелАЗ ҳам гуфтанд, дар корпартоии умумимиллӣ иштирок мекунанд.

Рӯзноманигорони ширкати радио ва телевизиони Беларус низ таҳдид карданд, ки сар аз рӯзи душанбе корпартоӣ мекунанд.

Иштирокдорони корпартоии сартосарӣ баргузории интихоботи нав, роҳ ёфтани тамоми номзадҳо ба он, озод кардани маҳбусони сиёсӣ ва истеъфои онҳоеро талаб доранд, ки дар хушунатҳо алайҳи эътирозгарон даст доранд.

Президенти Беларус Александр Лукашенко субҳи 17 август ҳангоми суханрони дар назди кормандони Корхонаи тракторсозии Минск гуфт, дар ин кишвар интихоботи президентии нав баргузор намешавад.

Бархе аз кормандон дар посух ба гуфтаҳои Лукашенко бо садои баланд гуфтанд, ки "Бирав!". Лукашенко дар ҷавоб афзуд, ки "ҳеч гоҳ таваққуъ надошта бошед, ки ман зери фишор кореро анҷом хоҳам дод! То маро накушед, интихобот нахоҳад шуд!".

Рӯзи 9-уми август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко 80,08 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, тақрибан даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Мухолифон бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG