Ссылки доступа

Раиси Андиҷон зодрӯзи духтарашро сарфи назар аз пандемия бошукуҳ ҷашн гирифт(видео)


Раиси вилояти Андиҷони Ӯзбекистон Шуҳрат Абдураҳмонов сарфи назар аз маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус бахшида ба 19-солагии духтари хурдиаш шабнишинии бошукуҳеро баргузор кард.

Шабнишинӣ дар манзили хусусии марбут ба Абдураҳмонов аз субҳ то нимашаб идома ёфта, барои меҳмонон махсус аз Тошканд сарояндаи маъруф Муниса Ризоева ва дигарон даъват шуда буданд.

Сароянда Ризоева дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм аксу наворҳоеро аз шабнишинии мазкур нашр кард.

Тавре дар аксу видеоҳо дида мешавад, Абдураҳмонов дар поёни шабнишинӣ ба духтараш моши нави навъи Gentra-ро туҳфа мекунад, ки дар Андиҷон 138 миллион сӯм ё 13,5 ҳазор доллар арзиш дорад.

Бино ба иттилои Вазорати молияи Ӯзбекистон, моҳонаи раисони вилоятҳо 1 миллиону 899 ҳазору 783 сӯм (ҳудуди 190 доллар) аст.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ менависанд, сарояндаи маъруфи ӯзбек Муниса Ризоева барои гузаронидани як тӯй ё шабнишинӣ аз 4 то 5 ҳазор доллар ҳаққи хидмат мегирад.

XS
SM
MD
LG