Ссылки доступа

Тазоҳурот дар назди зиндони рақами 1-и Минск: боздоштшудаҳоро озод кунед


Дар шаҳри Минск шоми Душанбе чандин ҳазор одам дар назди зиндони рақами 1-и ин кишвар ҷамъ шуда, раҳоии эътирозгарони боздоштшуда, аз ҷумла блогер Сергей Тихановскийро талаб карданд, ки дар ташкили бетартибӣ айбдор аст.

Ҳамсари блогер Светлана Тихановская рақиби асосии Александр Лукашенко дар интихоботи ахири президентии Беларус буд.

Ба ҳисоби Tut.by, дар майдони назди зиндон аз 5 то 7 ҳазор одам ҷамъ омада буд. Ҷамъшудаҳо шиор мепартофтанд, ки "Озод кун" ва "Бирав!".

Як қисми иштирокдорони тазоҳурот ба назди боздоштгоҳи муваққтие дар кӯчаи Окрестинаи шаҳр рафтанд, ки дар онҷо низ эътирозгарони дастгиршуда нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба иттилои Tut.by, пенш аз поён ёфтани тазоҳурот Олга Ковалкова, намояндаи ситоди номзад ба мақоми президентии Беларус Светлана Тихановская ба назди эътирозгарон рафт. Вале касе аз маъмурияти боздоштгоҳ ба назди ӯ набаромад. Масъулони боздоштгоҳ танҳо гуфтанд, ки дар онҷо "маҳбусони сиёсӣ" нигаҳдорӣ намешавад. Сипас ҷамъшудаҳо пароканда шуданд.

Вазорати умури дохилии Беларус пештар гуфт, ки дар боздоштгоҳҳои ин кишвар 122 дастгиршуда нигаҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG