Ссылки доступа

Дар Туркманистон бозиҳои қаҳрамонии футболро боз доштанд


Федератсияи футболи Туркманистон хабар дод, ки бозиҳои қаҳрамонии футболи ин кишвар пеш аз даври севум боз дошта шуданд.

Ин хабар дар сомонаи федератсияи мазкур нашр шуда, сабаби қатъи бозиҳо гуфта нашудааст. Бахши туркмании Радиои Озодӣ қатъи бозиҳоро ба ҳамагир шудани коронавирус дар Туркманистон рабт додааст.

Дар Туркманистон расман то ҳол ҳеч ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст, вале мақомот маҳдудиятҳоро то рафт ба андозае сахттар мекунанд, ки гӯиё дар ин кишвар вируси корона ҳамагир шудааст.

Мақомоти туркман, ки то чанд моҳ пеш сокинонро барои доштани ниқоби тиббӣ ҷарима мекарданд, ҳоло барои надоштани он муҷозот менамоянд. Аз сокинон талаб мешавад, ки фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд. Ҳаракати қатораҳои мусофирбар манъ шуда, тавассути ҳавопаймоҳо аз осмон маводи зиддиуфунӣ мепошанд.

XS
SM
MD
LG