Ссылки доступа

HRW аз Қазоқистон хост, кумаки сокинон дар давраи коронавирусро идома диҳад


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ Human Rights Watch (HRW) аз ҳукумати Қазоқистон даъват кард, ба хотири пешгирӣ аз афзоиши фақр кумаки иқтисодӣ ба шаҳрвандонеро бештар кунад, ки дар натиҷаи ҳамагир шудани коронавирус осеб дидаанд.

Дар гузориши созмон аз 18 август омада, ки “ҳамагиршавии коронавирус нобаробариро дар Қазоқистон амиқтар карда, заиф будани низоми миллии ҳифзи иҷтимоии ин кишварро ба намоиш гузошт”.

Қазоқистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар давраи коронавирус ба сокинон кумаки молӣ мерасонад. Вале масъулони HRW мегӯянд, ин кумакҳо бояд бештар шавад, зеро сокинони зиёди Қазоқистон пеш аз оғози пандемия низ бо фақр рӯбарӯ буданд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев моҳи марти соли равон баъд аз эъломи расмии нахустин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус дар ин кишвар гуфт, ҳукумат барои беҳсозии дастрасӣ ба низоми тандурустӣ, ҷубронпулӣ ба онҳое, ки дар натиҷаи карантин бедаромад мондаанд ва ҳифзи тиҷорат аз оқибатҳои иқтисодӣ ҳудуди 10 млрд доллар ҷудо мекунад.

Шаҳрвандони Қазоқистон, ки ба иллати коронавирус даромади худро аз даст доданд, моҳона ҳудуди 100 доллари амрикоӣ ҷуброн дарёфт карданд, вале ҳоло маълум нест, ки баъди сабуктар шудани карантин аз 16 август ин навъи кумак дубора карда мешавад, ё не.

Шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон то 18 август ба 103,3 ҳазор расида, то ҳол 1 415 кас аз он ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG