Ссылки доступа

Қазоқистон ҳам воксини зидди коронавирусро барои озмоиш омода кард


Маркази миллии ташхиси доруҳо ва маводи тиббии Қазоқистон эълом кард, ки "пажуҳиши озмоишгоҳии воксини зидди коронавирусро ба поён расонидаанд".

Ба иттилои ин марказ, воксин барои озмоиш дар ҷисми довталабон омода аст.

Фаза ё марҳилаи дувуми озмоиши воксини қазоқистонӣ дар моҳи октябр шуруъ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар саросари дунё бештар аз 100 навъи воксинҳо дар ҳоли озмоиш ва коркард қарор доранд. Пештар аз ин Русия эълом кард, ки воксини зидди коронавирусро сохтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба вижа Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба коромадии воксини Русия изҳори шубҳа кард. Созмон гуфт, ин воксин ҳамаи марҳилаҳои озмоишро нагузаштааст. Русия инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG