Ссылки доступа

Сокини ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон бо айби истифодаи хушунат нисбати раиси вилоят ҳабс шуд


Давлатҷон Маллаев, сокини 23-солаи ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистонро рӯзи 10 август дар шаҳри Фарғонаи он кишвар боздошт карданд.

Ӯро дар "истифодаи хушунат" нисбати раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев айбдор мекунанд. Ба гуфтаи мақомот, Маллаев дар низои сарҳадии байни Узбекистону Қирғизистон, ки рӯзи 31 май рух дод, нисбати раиси вилоят хушунатро раво дидааст.

Дар низои байни сокинони Узбекистону Қирғизистон дар деҳаи "Чашма"-и Сух садҳо кас иштирок кард. Ғаниев барои ором кардани мардум ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва сокинони маҳаллӣ ба вай ҳамла карданд. Бархе аз сокинон сӯи Ғаниев санг партофтанд.

Боздошти Давлатҷон Маллаевро модари вай Насимахон Маллаева тасдиқ кард. Ба гуфтаи Маллаева, писараш рӯзи 10 август ба Фарғона рафта, дар онҷо боздошт шудааст.

Дар низои сокинони наздики марзи ду кишвар, ки рӯзи 31 май рух дод, наздики ҳазор кас ширкат кард. Додгоҳ гуфт, Давлатҷон Маллаев дар "бетартибиҳои оммавӣ фаъолона ширкат карда", "монеи кормандони мақомоти қудратие шудааст, ки ҳамроҳ бо раиси вилоят Шуҳрат Ғаниев барои ором кардани вазъ ба ҷои ҳодиса омада буданд".

XS
SM
MD
LG