Ссылки доступа

Узбекистон сар аз моҳи сентябр воксинзании зидди зукком ва илтиҳобро шуруъ мекунад


Узви ситоди мубориза бо коронавирус дар Узбекистон Рустам Икромов гуфт, ки воксинзании сокинон зидди зукком ва илтиҳоб моҳи сентябр шуруъ мешавад.

Ба гуфтаи вай, мавсими тирамоҳ, ки бемориҳои гузаранда меафзоянд, эҳтимол дорад, ба далели вабои коронавирус мушкилзо шавад. Ба ҳамин далел ҳукумати Узбекистон ба раванди воксинзании сартосарӣ омода мешавад, афзуд вай.

"Метавон интизор дошт, ки паҳншавии муштараки бемориҳои гузаранда, аз ҷумла зукком ва илтиҳоб ҳамроҳ бо коронавирус вазъиятро бадтар мекунад. Албатта, сокинон набояд ба ваҳшат афтанд. Айни замон ҳукумат барои воксинзании сокинон зидди зукком ва илтиҳоб чораҷӯӣ мекунад. Ин кор моҳи сентябр шуруъ мешавад", - илова кард Рустам Икромов.

То 19 августи соли ҷорӣ дар Узбекистон 36 ҳазору 760 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона ва 243 ҳолати фавт аз ин вирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG