Ссылки доступа

Дар Қазоқистон дар як рӯз 787 ҳолати "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус" сабт шуд


Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 787 ҳолати "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус" ва шаш ҳолати марг аз ин илтиҳоб сабт шудааст.

Дар ин бора мақомоти он кишвар субҳи 20 август хабар доданд.

Вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар гуфт, ки дар 19 рӯзи моҳи август дар Қазоқистон 20 541 ҳолати илтиҳоби монанд ба COVID-19 сабт гардидааст.

Аз миёнаҳои моҳи март ба ин тараф дар Қазоқистон дар маҷмуъ 103 815 ҳолати гирифторӣ ба илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус сабт шудааст. Аз ин беморӣ 1461 кас фавтидааст.

XS
SM
MD
LG