Ин даъват аз забони Ришард Коменда, намояндаи минтақавии СММ рӯзи 20 август дар ҷаласаи маҷозие бо иштироки намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва порлумонии Қазоқистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон садо дод.
"Ман аз мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват мекунам, ки дар даврони вабои коронавирус тахриби манзили сокинонро қатъ кунанд. Як сол ё аз ин бештар моратория эълом кунанд. Одамон ҷои дигаре барои зист надоранд ва эҳтимол аст, ки боиси густардатар шудани вирус гарданд", - гуфт Коменда.
Дар Қазоқистону Узбекистон баҳси тахриби манзил ва дигар иншооти сокинону тоҷирон зуд-зуд сар мезанад. Ҷуброни тахриби манзилу иншоот на ҳамеша барои сокинон қобили қабул аст.