Ссылки доступа

Кремл бистаришавии мухолифи ҳукумати Русия Навалнийро шарҳ дод


Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия гуфт, ки хабарҳо дар бораи бистаришавии Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати кишварро пайгирӣ мекунад ва ба вай "офият таманно дорад".

Песков ваъда кард, ки дар сурати зарурат барои интиқоли Навалний ба беморхонаҳои хориҷ мусоидат хоҳад кард.

Вай афзуд, беҳтарин пизишкон ҷалб шудаанд, ки барои сиҳатии Навалний тамоми талошро харҷ мекунанд. Песков гуфт, агар иттилоъ дар бораи заҳролудсозии Навалний тасдиқ шавад, тафтиш ба роҳ монда хоҳад шуд.

Алексей Навалний, мухолиф ҳукумати Русия ва мудири Бунёди мубориза бо фасод субҳи рӯзи 20 август дар бемористони шаҳри Омски кишвараш дар ҳолати беҳушӣ бистарӣ шуд. Вай тариқи ҳавопаймо аз Томск ба Москва бармегашт. Дар ҳавопаймо вазъи Навалний бад шуд. Халабонҳо ҳавопайморо дар Омск фуруд оварданд. Ҳамсафони Навалний аз эҳтимол дур намедонанд, ки ӯро заҳролуд кардаанд.

XS
SM
MD
LG