Ссылки доступа

Додситонӣ иддаои таҷовуз шудани духтари чаҳорсоларо таҳқиқ мекунад


Як сокини шаҳри Турсунзода даъво дорад, ки яке аз наздикони шавҳари собиқаш ба номуси духтари чаҳорсолаи ӯ таҷовуз кардааст ва аз додситонӣ мехоҳад, қазияро ҷиддӣ таҳқиқ намояд.

Намояндагони додситонӣ гуфтанд, дар ин замина парванда кушодаанд, вале тарафи дигари баҳс ин иддаоро рад мекунад ва онро "талоши интиқомгирии арӯси пешини хонавода" медонад.

М.М.-и 25-сола мегӯяд, ҳодиса бо духтари чаҳорсолааш аввали моҳи август иттифоқ афтодааст ва дар ин кор бародари шавҳари собиқашро гумонбар медонад. Ин даъво то ҳол расман тасдиқ ё такзиб нашудааст ва дар робита ба ҳодиса касеро боздошт накардаанд.

Модари кӯдаки чаҳорсола рӯзи 20-уми август гуфт, се сол пеш бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудо шуд, вале "хонаводаи шавҳарам алимент медоданд ва ҳақ доштанд, кӯдаконро бубинанд. Аммаву амакаш рӯзи Иди Қурбон гуфтанд, ба тамошо мебаранд ва ман ҳам розӣ шудам. Як рӯз пас хусури собиқам занг заду гуфт, ки духтарам бемор аст. Рафта дидам, ки бемадор хобидааст ва беист хун меравад. Пизишкон гуфтанд, ба номуси духтарам дастдарозӣ шудааст ва ӯро чаҳор соат чарроҳӣ карданд."

Ба иттилои ин зан, ташхиси тиббиву додгоҳӣ таҷовуз шудани духтари чаҳорсоларо тасдиқ кардааст.

Аммо тарафи дигари баҳс дастдарозии як намояндаи хонаводаро ба номуси бародарзодааш "туҳмат" номиданд. О.Ҳ., аммаи духтари чаҳорсола, ки ҳоло барои мусоидат ба бадрафторӣ гумонбар аст, дар суҳбати телефонӣ гуфт, "зери шиканҷа" гуноҳро ба гардан гирифт, аммо чӣ гуна ва дар куҷо шиканҷа шуданашро нагуфт.

Вай даъво дорад, ки "хонаводаи келини собиқ хусумат дорад" ва дар ҳаққи онҳо бадгӯӣ мекунанд. Дар посух ба суоли он ки чӣ гуна кӯдак дар хонаи онҳо "хунрав" шудааст, гуфт: "Вай аз аввал ҳамин хел касал дошт, гурдаҳояш бемор буд ва баъзе вақтҳо чунин мешуд."

Модари кӯдаки чаҳорсола мегӯяд, ҳодиса бояд одилона баррасӣ шавад ва шахси гунаҳкор ҷазо гирад. Ӯ ба ин далел ба Додситонии шаҳри Турсунзода муроҷиат кардааст.

Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус, бахусус бо ноболиғон ҷинояти сангин ба шумор меравад ва барои ин кор аз 2 то 20 соли зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ шудааст.

Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номуси хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Дар оғози моҳи август Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Юсуф Зиёев, сокини Душанберо бо гуноҳи таҷовуз ба номуси як тифли сесола ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар охири моҳи июл гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд.

XS
SM
MD
LG