Чамангул Ҳоҷиева, ҳамсари Саъдуллоев мегӯяд, замоне, ки ӯро ба идораи пулис даъват карданд, комилан сиҳат буд. Ба гуфтаи Ҳоҷиева, ҳамсари ӯро дар идораи пулис латту кӯб кардаанд. Додситони ноҳия тафтиши ибтидоиро аз рӯи ҳодисаи марги Саъдуллоев шуруъ кардааст.
Чамангул Ҳоҷиева гуфт, ки ҳамсари вай рӯзи 26 июл дар ҳолати сархушӣ ба хона баргашт ва ғавғо бардошт. Ҳамсояҳо бо шунидани ғавғо пулисро даъват карданд. Пулис Саъдуллоевро ба идора бурд ва аз онҷо ӯро дар ҳолати кома ба бемористон интиқол доданд. Мақомоти милисаи ноҳияи Туртқул латту кӯб шудани Саъдуллоевро рад мекунанд.