Ссылки доступа

Дар Қирғизистон се беморхонаи озмоишии уфунӣ таъсис мешавад


Дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва Норини Қирғизистон сохтмони се беморхонаи озмоишӣ барои бемориҳои гузаранда ё уфунӣ идома дорад. Дар ин бора аз ситоди ҷумҳуриявии зидди коронавируси он кишвар хабар доданд.

Беморхонаҳое, ки дар Бишкеку Ӯш сохта мешаванд, зарфияти 100 бемор ва бемористони Норин зарфияти қабули 70 беморро дар як вақт дорад.

Ба ҷуз ин, 9 муассисаи тиббии Қирғизистон дар вилоятҳои Чуй, Бодканд, Ҷалолобод, Иссиқкӯл, Ӯш ва Таллас бозсозӣ мешаванд.

Дар авҷи паҳншавии вабои коронавирус дар Қирғизистон камбуди шадиди беморхона эҳсос шуд. Барои ҳалли ин мушкил дар шаҳри Бишкек ва дигар минтақаҳои он кишвар дар толорҳои варзиш, тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳо бемористонҳои муваққат таъсис доданд.

XS
SM
MD
LG