Ссылки доступа

Бобомурод Абдуллоевро баъди истирдод ба Тошканд шартан озод кардаанд (видео)


Рӯзноманигори мустақил Бобомурод Абдуллоевро баъди истирдод аз Бишкек ба Тошканд шаби 22-юми август шартан раҳо кардаанд. Вакили мудофеи ӯ Сергей Майоров ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, "аммо таҳқиқи парванда қатъ нашудааст".

Бобомурод Абдуллоев бо дархости ҷониби Узбекистон рӯзи 9-уми август дар Бишкек дастгир шуд. Бо вуҷуди нигаронии созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ӯро рӯзи 22-юми август ба Тошканд таслим кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҷониби Узбекистон замонат додааст, ки ба журналист барои ҳимоят аз худ ҳама имкониятро фароҳам меорад, шиканҷа ва муносибати дағалона намекунад ва дар сурати зарурат хидмати тиббӣ мерасонад.

Вакили мудофеъ Сергей Майоров аз Тошканд ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, "Бобомурод Абдуллоевро бо шарти рафтори хуб раҳо карданд, вале то анҷоми таҳқиқи парванда метавонанд ба бозпурсӣ даъват кунанд. Инчунин бе иҷозаи муфаттиш ҳақ надорад дар дохили Узбекистон озодона аз ин ҷо ба он ҷо равад ё ба хориҷ равад. Бино ба қонунҳои Узбекистон, муҳлати таҳқиқ се моҳ аст."

Майоров дар бораи таҳқиқи парванда ҷузъиёт надод ва танҳо илова кард, ки "аз соати 5-и бегоҳи 22-юми август то 11-и шаб дар Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон бо Бобомурод Абдуллоев якҷо будем. Муфаттишон бо ӯ муносибати хуб доштанд ва ягон фишори ҷисмонӣ ё равонӣ наоварданд. Баъди берун шудан аз бинои хадамот ӯ ба назди хоҳари хурдияш рафт."

Гавҳарҷон Мадаминова, модари Бобомурод Абдуллоев дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм зиндагӣ мекунад. Ӯ шаби 22-юми август ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтааст, писараш дар назди хоҳари хурдии худ дар Тошканд аст.

"Духтарам ба ман занг зад ва аз ин хабари хуш огоҳ кард. Ман тавонистам бо Бобомурод ҳам гап занам. Писарам гуфт, ки ӯро озод кардаанд ва дар ташвиш набошам. Аммо ин ки парванда ба зидди писарам қатъ шудааст ё не, чизе намедонам. Нахостам бо саволҳо ӯро азият диҳам, чун хеле хаста шуда буд", -- гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки шаби 22-юми август дар чанд расонаи Узбекистон суҳбати видеоии Бобомурод Абдуллоев нашр шуд ва ӯ дар он навор ба Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон изҳори сипос мекунад. Маълум нест, видео таҳти чӣ шароите сабт шудааст.

Бобомурод Абдуллоев аз моҳи феврал дар Қирғизистон буд. Ба қавли вакили мудофеаш дар Бишкек, ӯ дар Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкек чаҳор моҳ таҳсил кард, аммо ба сабаби пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳои равуо дар Қирғизистон дармонд.

Мақомоти Қирғизистон шарҳ надодаанд, ки Узбекистон барои истирдоди Абдуллоев чӣ далел овардаанд.

Бино ба гузоришҳо, Узбекистон Бобомурод Абдуллоевро барои навиштаҳои интиқодиаш дар бораи раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев ҷустуҷӯ доштаанд. Ба навиштаи онҳо, ӯ матолибашро бо номи Қора Мерган чоп мекунад, аммо хабарнигор гуфтааст, ки саҳифаи Қора Мерган аз ӯ нест.

Выдаст ли Бишкек Ташкенту оппозиционного журналиста?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:44 0:00

Бобомурод Абдуллоевро соли 2017 низ ҳамроҳ бо се нафари дигар дар шаҳри Тошканд дастгир карданд. Онҳо дар он замон ба даъват барои тағйири сохти конститутсионӣ дар Узбекистон муттаҳам мешуданд.

Иттиҳомот барои силсилаи мақолаҳое аз номи мустаори Усмон Ҳақназаров нашр мешуд, ки зоҳиран чанд нафар истифода мебурдаанд.

Бобомурод Абдуллоев он замон иттиҳомотро рад карда ва гуфтааст, ки фақат кори хабарнигориашро анҷом медод. Моҳи майи соли 2018 ин хабарнигорро ба “таблиғоти зиддидавлатӣ” муттаҳам карданд, вале иттиҳомоти даъват барои сарнагунии ҳукумат собит нашуд ва хабарнигорро озод карданд.

XS
SM
MD
LG