Ссылки доступа

Дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон фаъолонро боздошт карданд


Дар шаҳрҳои Алмато, Актау ва Нурсултони Қазоқистон рӯзи 22 август пулис дар манзили чанд фаъоли шаҳрвандӣ кофтуков гузаронда ва иддае аз фаъолонро ба ҳабс гирифтааст.

Рӯзи шанбеи 22 август дар шаҳри Алмато гуруҳе аз фаъолон ва пайвандони боздоштшудаҳо пушти дари пулис ҷамъ шуда, озодии боздоштшудаҳоро талаб карданд. Мақомот аз сокинон хостанд, ки пароканда шаванд, аммо афроди ҷамъшуда ҳамоно озодии боздоштшудаҳоро талаб карданд.

"Кормандони пулис хонаи маро тагу рӯ карданд. Онҳо субҳ дар набудани ман вориди хона шудаанд. Писари ноболиғам дарро ба рӯи онҳо боз кардааст. Пулис компютер ва телефони мобилии писарамро бурдааст", - гуфт Шара Жексебоева, ҳамсари Асхат Жексебоеви боздоштшуда.

Пулиси Алмато шоми 22 август номи 11 фаъолеро эълом кард, ки боздошт шудаанд. Мақомоти пулис гуфтанд, ки нисбати боздоштшудаҳо корҳои тафтишотӣ ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG