Ссылки доступа

Дар ИМА ба шеваи нави табобати гирифторони COVID-19 иҷозат доданд


Ба пизишкони ИМА иҷозат шуд, ки гирифторони вируси коронаро бо плазмаҳои масунияти сиҳатёфтагони коронавирус муолиҷа кунанд.

Дар бораи дарёфти иҷозат президенти ИМА Доналд Трамп дар як нишасти хабарӣ дар Кохи сафед хабар дод.

Трамп дар остонаи баргузории Анҷумани миллии ҷумҳурихоҳон ин хабарро расонаӣ кард. Қарор аст, дар анҷуман номзадии Трамп расман ба мақоми президентӣ пешбарӣ шавад.

Президенти ИМА ин шеваи табобатро пешравӣ унвон кард. Коронавирус то ин замон 175 ҳазор сокини ИМА-ро қурбон карда ва Трамп бештар барои ин танқид мешунавад.

"Ман хушҳолам, ки дар мубориза зидди "вируси чинӣ" изҳороти таърихие паҳн кунам. Ин пешравӣ ҷони шумори зиёде аз одамонро наҷот хоҳад дод. Чорабинии имрӯза дастрасӣ ба ин навъи табобатро густариш медиҳад", - иқтибос овардаанд расонаҳо аз қавли Трамп.

Раёсати назорати беҳдоштии сифати маҳсулоти ғизоӣ ва дору дар ИМА гуфт, "бартарии ин навъи табобат" ҳамзамон "хатарҳоеро ба дунбол дорад".

Ба иттилои мақомоти он кишвар, дар ИМА бештар аз 70 ҳазор бемор табобати плазма гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG