Ссылки доступа

Расонаҳо: Дар Намангони Узбекистон гуруҳи тундраве боздошт шудааст


Дар вилояти Намангони Узбекистон гуруҳи тундрави мазҳабиеро боздошт карданд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ҷиҳодиро таблиғ мекардаанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Ин гуруҳро дар ҷараёни як амалиёти муштараки мақомоти қудратии он кишвар боздошт кардаанд.

Дар хабари расонаҳо омадааст, ки марди 55-солаи ташкилкунандаи гуруҳ дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳифа боз карда, маводи таблиғотии гуруҳҳои тундравро паҳн мекардааст.

Ба ҷуз ин, ташкилкунандаи гуруҳ бо ҷангҷӯёне робитаи маҷозӣ доштааст, ки дар ҷангҳои Сурия ширкат кардаанд. Ин мард ба ҷангҷӯён гӯиё чаҳор маротиба маблағ ирсол кардааст.

Мақомот мегӯян, мард писари 25-сола, бародарзода, ҳамсинф ва дигаронро ба гуруҳ ҷалб кардааст. Ҳамаи аъзои гуруҳ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводи таблиғотии дорои ақидаҳои тундрави мазҳабиро паҳн мекардаанд.

XS
SM
MD
LG