Тоқаев тасмим дорад, мисли соли гузашта паёмашро дар ҳузури вакилони ду палатаи порлумони Қазоқистон ироа кунад.
Нурлан Нигматулин, раиси маҷлиси Қазоқистон рӯзи 25 август фармон дар бораи ҷаласаи якҷояи ду палатаро дар рӯзи 1 сентябр имзо кард.
Гуфта мешавад, қисмати бештари паёми Тоқаев ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бахшида хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки иқтисоди Қазоқистон ба паёмадҳои сангини буҳрони коронавирус ва уфти қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ даст ба гиребон аст.