Ссылки доступа

Ҳизби "Қирғизистон" комсияи интихоботиро ба додгоҳ мекашад (видео)


Ҳизби "Қирғизистон" тасмим дорад, ки аз рӯи қарори Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон ба додгоҳ шикоят барад. Дар ин бора раиси ин ҳизб Канатбек Исоев рӯзи 25 август хабар дод.

Комисияи марказии интихоботи Қирғизистон баъди тавсияи гуруҳи кории ин комисия рӯзи 25 август ҳуҷҷатҳои ҳизбро баргардонд ва ба ин тартиб, ҳизби "Қирғизистон" аз иштирок дар интихоботи порлумонии тирамоҳи соли ҷорӣ маҳрум шуд. Гуруҳи кории комисия гуфт, ҳизб дар ҷараёни супоридани ҳуҷҷатҳо қонунгузориро риоя накардааст. Ҳуҷҷатҳои ҳизбро касе ба комисия овардааст, ки ваколати онро надошт.

Канатбек Исоев дар шарҳи ин масъала гуфт, иштибоҳи техникие шудааст, ки набояд ба ҷараёни интихобот халале эҷод кунад. Вай ин ҳолатро омили инсонӣ унвон ва аз аъзои комисия хост, масъаларо мусбат ҳал кунанд.

Рӯзи 24 август дар Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон дар робита ба он ки ҳизби сиёсии "Қирғизистон" ҳуҷҷатҳои худро барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ аз муҳлати муайяншуда дертар ворид кард, ҷанвол бархост. Бино ба талаби қонунгузорӣ, ҳизбҳои сиёсӣ на бояд дертар аз соати 18:00 дақиқаи рӯзи 24 август ҳуҷҷат месупориданд. Ҳизби "Қирғизистон" чанд дақиқа дертар аз муҳлати муайяншуда ҳуҷҷат супорид ва ин боиси норозигии намояндагони аҳзоби сиёсии дигари Қирғизистон шуд.

Яке аз даъвоҳои дигари рақибон дар сабти номи номзадҳои ҳизби "Қирғизистон" ин аст, ки намояндаи ҳизб зане таъйин шудааст, аммо ҳуҷҷатҳои ҳизбро каси дигар, як мард ба комисияи марказии интихобот овард. Канат Исоев гуфт, ҳуҷҷатҳоро намояндаи ҳизб дар асоси ваколатнома ба комисия бурдааст.

Қарор аст, дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр интихоботи навбатии порлумонӣ сурат гирад.

XS
SM
MD
LG