Ссылки доступа

Қазоқистон барои харидории ваксинаи русӣ созишнома имзо кард


Ширкати давлатии "СК-Фарматсия"-и Қазоқистон бо Бунёди сармоягузории бевоситаи Русия барои дарёфти ваксинаи русии коронавирус (Спутник V), ки марҳалаи санҷиши ниҳоияш ҳанӯз ба поён нарасидааст, созишнома имзо кард.

Сомонаи ҳукумати Қазоқистон дар бораи сафари як ҳайати мансабдорони ин кишвар ба шаҳри Москва хабар дода, навиштааст, ки Нурсултон омодааст, ваксинаи "Спутник V"-ро бихарад. Дар ҳоле ки донишмандони ғарбӣ ба амният ва муассирии он шубҳа доранд.

"Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Н. Ф. Гамалеӣ омодааст, ваксинаи лозимиро барои Қазоқистон истеҳсол кунад. Гузаронидани ваксина ба қазоқистониҳое, ки ба гуруҳи осебпазир шомиланд, ройгон ва ихтиёрӣ хоҳад буд. Ин кор танҳо баъди анҷоми марҳалаи ниҳоии санҷиши ваксина сурат мегирад", - афзудааст манбаъ.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 12 август гуфта буд, ки барои гуфтугӯҳои харидории ваксинаи русӣ як ҳайатро тирамоҳи имсол ба Москва мефиристад. Ин гуфтаҳои ӯ баҳсҳоеро дар ҷомеа ба бор оварда, Вазорати тандурустии Қазоқистон дертар изҳор дошт, ки ваксинаи русиро танҳо баъди санҷиши ниҳоияш харидорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG