Ссылки доступа

ИМА Русияро аз таҳримҳои эҳтимолӣ ба хотири Навалний ҳушдор дод


Здание МИД РФ на Смоленской площади в Москве
Здание МИД РФ на Смоленской площади в Москве

ИМА аз хулосаи пешакии коршиносони тиббии Олмон, ки мегӯянд, эҳтимол дорад мухолифи рус Алексей Навалнийро заҳролуд карда бошанд, сахт нигарон аст.

Агар ин гуфтаҳо исбот шаванд, ИМА аз даъватҳои Иттиҳоди Аврупо барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи қазия ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон омодааст, дар анҷоми чунин тафтишот мусоидат кунад. Изҳороти котиби давлатии ИМА Майк Пампео дар ин замина дар сомонаи департамент нашр шуд.

"Хонаводаи Навалний ва мардуми Русия сазовори таҳқиқи ҳамаҷонибаву шаффофи ҳодиса ва ба ҷавобгарӣ кашидани дастандаркоронананд. Мо дар канори хонаводаи Навалний ҳастем ва умед дорем, ки худи ӯ шифои комил хоҳад ёфт", - омадааст дар изҳороти Пампео аз 25 август.

Вазорати умури дохилии Русия назареро дар робита ба машварати русӣ-амрикоӣ бо иштироки вазири умури хориҷии ин кишвар Сергей Лавров ва муовини котиби давлатии ИМА Стивен Биган нашр кард, ки дар он қазияи Алексей Навалний матраҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG