Ссылки доступа

Сарвазири Узбекистон аз "тағйироти бузург" дар муносибатҳо бо Қирғизистон ёдовар шуд


Акрам Мадумаров, ноиб-сарвазири Қирғизистон бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканди Узбекистон рафт ва бо сарвазири он кишвар Абдулло Орифов мулоқот кард. Мадумаров бо Орифов масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Орифов гуфтааст, ду кишвар дар самтҳои гуногуне ҳамкориҳоро рушд додаанд. Ба гуфтаи вай, бо шарофати "иродаи сиёсӣ"-и роҳбарони ду кишвар, дар чанд соли охир дар муносибатҳои кишварҳо "тағйироти бузург"-е сурат гирифтааст.

Акрам Мадумаров дар навбати худ гуфтааст, ки Қирғизистон ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мухталиф аҳамият медиҳад.

Муносибтаҳои Узбекистон бо Қирғизистон аз тирамоҳи соли 2016 ба ин тараф - баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон - беҳбуд ёфтанд.

XS
SM
MD
LG