Ссылки доступа

Баъди хабари бомбгузорӣ дар бинои шаҳрдории Семейи Қазоқистон беш аз сад касро ба ҷои бехавф кӯчониданд


Ҳудуди 170 нафарро аз бинои шаҳрдории Семейи вилояти Қазоқистони Шарқӣ баъди хабари бомбгузорӣ шудани бино берун бурданд.

Нафари ношиносе 27 август ба пулис занг зада, гуфтааст, бинои шаҳрдорӣ бомбгузорӣ шудааст. Баъди 17 соат корҳои ҷустуҷӯӣ маълум гардида, ки дар бинои шаҳрдории Семей ҳеч гуна маводи таркандае вуҷуд надорад.

Дар давоми як моҳи ахир ин севумин хабари дурӯғи бомбгузорӣ дар Семей аст. 9 август хабар дода шуд, ки дар як маркази савдо ва бинои зисте дар Семей маводи тарканда насб кардаанд. Дар натиҷа беш аз 200 одам ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд, вале маводи тарканда пайдо нашуд.

Қонунгузории Қазоқистон барои хабари дурӯғ дар бораи амали террористӣ аз ҷарима то ба 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG