Ссылки доступа

Рузноманигори узбекистонӣ аз шиканҷа шудан дар боздоштгоҳи Қирғизистон шикоят кард


Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори узбекистонӣ, ки чанде пеш дар Қирғизистон боздошт ва ба ватанаш истирдод шуд, аз шиканҷа шудан дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шикоят кард.

Рӯзномангор мегӯяд, намояндагони мақомоти махсус ба вай иҷозаи тамос бо вакилони мудофеашро надода, бо зӯр телефони мобилро аз ӯ гирифтаанд. Ҳамзамон кормандони мақомот санади боздошт тартиб надода ва вакилони мудофеъро низ ба ҳузури вай роҳ надодаанд. Рӯзноманигор гуфт, мақомоти Қирғизистон ӯро маҷбур кардаанд, ки бидуни ҳузури вакилони мудофеъ санади истирдод ба Узбекистонро имзо кунад. Ба ҷуз инҳо, рӯзноманигор афзуд, ки яке аз муфаттишони кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ӯро бӯғӣ кардааст. Рӯзноманигор дар посух ба ин рафтори мақомот аз 12 то 15 август дар боздоштгоҳ гуруснашинӣ кардааст.

Мақомоти Қирғизистон ҳанӯз ба ин изҳороти Бобомурод Абдуллоев вокуниш накардаанд.

Вакилони мудофеи Абдуллоев гуфтаанд, ки мақомоти Узбекистон ӯро бо моддаҳои "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор мекунанд.

Мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки Абдуллоевро бо дархости Узбекистон боздошт ва 22 август ба кишвараш истирдод кардаанд. Абдуллоев рӯзи 23 август дар Тошканд шартан аз боздошт раҳо шуд.

XS
SM
MD
LG