Ссылки доступа

Президенти Ӯзбекистон 113 маҳбусро афв кард


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 август бахшида ба Рӯзи истиқлоли давлатии кишвараш фармони афви 113 маҳбусро имзо кард. Чаҳор нафари афвшудаҳо бо ангезаҳои динӣ ва сиёсӣ зиндонӣ шуда буданд.

Имоми пешини масҷиди Тошканд Руҳиддин Фахриддинов, Искандар Худойберганов, Акрам Маликов ва Рустам Абдуманнонов, ки бо ҷурми узвият дар ҳаракатҳои мамнуи "Салафия", "Ваҳҳобӣ" ва қасди сарнагун кардани сохти конститутсионӣ дар Ӯзбекистон ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуда буданд, пеш аз муҳлат озод гаштанд.

Наздикону вакилони дифои маҳбусон гуфтанд, ки намояндагони Раёсати зиндонҳои Ӯзбекистон онҳоро аз имзои қонуни афв ва озод шудани пайвандонашон 26 август огаҳ карданд.

Ба иттилои созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик", чаҳор нафари мазкур ба шарти гузаронидани 20 дарсади моҳонаи худ ба ҳисоби давлат аз зиндон озод гаштаанд.

Бар асоси фармони Мирзиёев, 5 маҳбус пурра ва 53 нафар шартан пеш аз муҳлат озод шуда, ҷазои 15 тани дигар сабуктар ва ҳукми зиндони 40 кас кам карда шудааст.

XS
SM
MD
LG