Рӯзи 28 август буҳрони Белорус дар Берлин ва Вена баррасӣ хоҳад шуд. Вазирони умури хориҷии ИА мехоҳанд, 28 август вохӯрии дурӯзаи худро дар Берлин идома диҳанд, ки дар он, аз ҷумла вазъи Белорус баррасӣ хоҳад шуд. Дар Вена ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар назар аст.
Бино ба хабарҳо, ИА алакай розӣ шудааст, зидди 15-20 нафаре таҳрим эълом карда шавад, ки дар сохтакории натиҷаи интихоботи президентии Белорус ва саркӯби эътирозгарони Минск даст доранд. Бархе аз дипломатҳои аврупоӣ талаб доранд, ки зидди ин афрод чораҳои сахттар андешида шавад.
Сарвазири Албания Эди Рама 28 август дар ҷаласаи шӯрои доимии САҲА дар Вена дар бораи вазъи Белорус суханронӣ хоҳад кард. Рама, раиси САҲА ва вазири нави умури хориҷии Шветсия Анн Линде ба хотири баргузор кардани як муколамаи бозу созанда вохӯрӣ бо ҳукумати Белорусро пешниҳод карданд.
Президенти Белорус Александр Лукашнеок, ки 26 сол мешавад, дар сари қудрат асту худро барандаи интихоботи ахири баҳсбарангези президентӣ медонад, Ғарбро ба он айбдор кард, ки гӯиё мехоҳад бо сӯистифода аз нооромиҳои Минск қаламрави ин кишварро ишғол кунад.
"Зеро кишварҳои ғарбӣ ҳадаф гузоштаанд, ки пеш аз ҳама Гродненскийро ишғол кунанд. Аллакай парчамҳои Лаҳистонро барафрохтаанд. Феълан ватан дар хатар аст. Мо набояд шухӣ кунем. НАТО нерӯи заифе нест", - иқтибос овардааст хабаргузории давлатии Белорус - БелТА аз суханони Лукашенко.