Ссылки доступа

Дар Белорус зидди Лукашенко эътирозҳои нав баргузор шуданд (видео)


Дар макази шаҳри Минск дар "Роҳпаймоӣ барои сулҳ ва озодӣ" даҳҳо ҳазор эътирозгари зидди натиҷаҳои расмии интихоботи президентии Белорус иштирок карданд.

Эътирозгарон аз шаҳрҳои гуногуни Белорус то назди қароргоҳи президент Александр Лукашенко, ки субҳи рӯзи якшанбе қудратиҳо роҳ ба сӯи онро баста буданд, роҳпаймоӣ карданд.

Наздикии шоми якшанбе борон борид ва мардум тадриҷан маҳалли эътирозро тарк карданд. Баъд аз кам шудани шумори эътирозгарон ёвари президенти Белорус Николай Латишенок ба назди онҳо баромада, ҳудуди 40 дақиқа суҳбат кард, менависад Tut.By.

Бахши белорусии Радиои Озодӣ пахши мустақимеро анҷом дод. Техникаҳои низомӣ низ назди қароргоҳи президенти Белорусро тарк карданд.

Десятки тысяч людей на улицах Минска, в город входит бронетехника
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:22 0:00

"Роҳпаймоӣ барои сулҳ ва озодӣ" дар шаҳрҳои дигари Белорус, аз ҷумла Могилёв, Брест, Гродно, Жодино, Пинск ва Орша низ баргузор шуд. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Белорус, то соати 18:00 шоми якшанбе 140 нафар бо гумони иштирок дар тазоҳуроти бидуни иҷозат дастгир гаштанд.

Эътирозгарон бахшида ба рӯзи зодрӯзи Лукашенко дар назди қароргоҳи ӯ паём ва "туҳфаҳо" низ гузоштанд. Дар миёни онҳо тобуте бо навиштаи "Диктатор - мурдаи сиёсӣ" ҳам буд.

Ба иттилои рӯзноманигорон, шумори эътирозгарон назар ба теъдоди тазоҳургарони як ҳафта пеш бештар буд.

Дар Белорус 9 август интихоботи президентӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои расмӣ, гӯиё дар он президент Александр Лукашенко 80 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст. Вале мухолифон норозигӣ баён карданд. Аз шоми 9 август ба ин сӯ дар Белорус эътирозҳо бо талаби истеъфои Лукашенко идома доранд.

XS
SM
MD
LG