Ссылки доступа

Бунёди хайрияи Узбекистонро дар ғорати маблағҳои мубориза зидди COVID-19 айбдор мекунанд


Мақомоти Узбекистон роҳбар ва дигар кормандони бунёди хайрияи "Раҳмдилӣ ва сиҳатӣ"-ро дар ғорати 273 ҳазор доллари мубориза бо вабои коронавирус айбдор карданд.

Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки Асрол Мирзахмедов ва чанд коргари дигари ин бунёд бо маслиҳати пешакӣ дастгоҳҳои тиббӣ ва доруҳоро бо қимати гаронтар харидорӣ кардаанд.

Мақомоти он кишвар дар бораи боздошт шудан ва ё нашудани масъулони бунёд хабар надодаанд.

Дар сурати исботи айб масъулони бунёдро мумкин аст, то 5-солӣ зиндонӣ кунанд.

Дар моҳҳои ахир бунёди ҷамъиятии "Раҳмдилӣ ва сиҳатӣ"-и Узбекистон барои мубориза бо вабои коронавирус миллионҳо доллар ҷалб кард.

Ба иттилои расонаҳо, Алишер Усмонов, тоҷири узбектабори Русия барои харидани дастгоҳҳои муосир барои беморхонаҳои шаҳри Тошканд 20 миллион доллар ба ин бунёд додааст.

XS
SM
MD
LG