Ссылки доступа

Дар ИМА зидди тағйири Конститутсияи Туркманистон эътирозҳо баргузор мешавад


Фаъолони мадании туркмани муқими ИМА эълом карданд, ки зидди сиёсати президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва тағйири Конститутсияи он кишвар ҳамоишҳои эътирозиро оғоз мекунанд. Дар ин бора муроҷиатномаи созмондиҳандагон дар Ютуб нашр шудааст.

Нахустин ҳамоиши эътирозӣ 30 август дар Ҳюстон баргузор шуд. Эътирози дувум зидди раҳбарии Бердимуҳаммадов 1 сентябри соли равон дар Вашингтон баргузор мешавад. Фаъолон тасмим доранд, нахуст дар назди сафорати Туркманистон ҷамъ шуда, сипас ба тарафи Конгресс ҳаракат кунанд.

Ҳамоиши севуми эътирозии фаъолони туркман 2 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк, дар назди қароргоҳи СММ баргузор мешавад.

Президенти Туркманистон 19 август фармон дар бораи тасдиқи "Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Туркманистон"-ро имзо кард, ки бар асоси он, Қонуни асосии ин кишвар барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод шуда, 25 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои Мардумӣ қабул хоҳад шуд.

То ба ҳол гуфта нашудааст, ки ба Конститутсияи Туркманистон кадом тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Аммо мухолифони ҳукумати Туркманистон мегӯянд, ин тағйирот ба тақвияти шахсияти Бердимуҳаммадов, тамдид ва густариши салоҳиятҳои ӯ равона шудааст. Раванди тағйири Конститусияи Туркманистон тирамоҳи соли гузашта оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG