Ссылки доступа

Додситонии Ӯзбекистон ҳабси блогер баъд аз талаби истеъфои раиси вилоятро шарҳ дод


Додситонии кулли Ӯзбекистон бо нашри як изҳорот гуфт, блогери 22-сола Дадахон Ҳайдаров ҳамчун гумонбар дар доираи бетартибиҳо дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи ин кишвар дастгир шудааст.

Пештар хабар дода шуд, блогер Дадахон Ҳайдаровро, ки саҳифаи шахсиаш дар Ютуб беш аз 800 ҳазор бинанда дорад, 10 рӯз ҳабс карданд. Ҳайдаров дар ҷараёни сафари сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Сӯх барканории раиси вилояти Фарғоан Шуҳрат Ғаниевро дар пайи бетартибиҳо талаб карда буд.

Додситонӣ 30 август дар изҳороти худ афзуда, ки феълан тафтиши парвандаи марбут ба бетартибиҳо дар Сӯх идома дорад.

Додситонии кулли Ӯзбекистон 25 август хабар дод, ки шаш сокини ноҳияи Сӯх боздошт шуда, зиддашон бо бандҳои "Муқобилат нишон додан ба намояндагони мақомот" ва "Бетартибии оммавӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, ҳамаи дастгиршудаҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Сокинони Сӯх мегӯянд, аз деҳаҳои "Равон", "Мулғон", "Қизилқия", "Ҳушёрӣ" ва "Чункара" дасти кам 12 ҷавонро боздошт кардаанд. 31 май миёни сокинони "Чашма"-и Сӯх ва "Чечме"-и Қирғизистон занозанӣ сурат гирифта буд. Баъзе аз сӯхиҳо гуфтанд, ки шумори боздоштшудаҳо ба 41 расидааст.

Падари блогер Шералӣ Ҳайдарови 50-сола мегӯяд, баъди ҳабс дигар фарзандашро надидааст ва аз вазъи ӯ сахт нигарон аст.

"То ҳол намедонем, ки зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ё не. Тавре маълум шуд, писарам иҷозат додааст, то вакили дифои давлатӣ аз ҳуқуқи ӯ ҳимоят кунад. Борҳо аз вакили дифоъ хостам, ки аз писарам бипурсад, ӯро латтукӯб кардаанд, ё не, вай посух дод, ки писари шуморо касе назадааст, вале гиря мекунад. Дар бораи ӯ ба мо ҳеч гуна маълумоте намедиҳанд. Ӯ ҳамагӣ 22 сол дорад", - афзуд Ҳайдаров.

Ба гуфтаи Ҳайдаров, писари ӯро кормандони мақомоти интизомие боздошт карданд, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд. Онҳо ҳатто қарори ҳабси блогерро пешниҳод накардаанд.

XS
SM
MD
LG