Ссылки доступа

Дар Қирғизистон то охири сол 112 иншооти иҷтимоӣ бунёд мешавад


Сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов дар робита ба бунёди мактаб, бемористон, роҳ ва иншооти обёрӣ ҷаласаеро баргузор кард.

Ба иттилои ӯ, то охири соли 2020 дар Қирғизистон 112 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ бунёд хоҳад шуд. Дар миёни онҳо 70 муассисаи таълимӣ ва 17 муассисаи тиббӣ ҳам ҳаст.

"Бунёди иншооти дорои аҳамияти фарҳангиву иҷтимоӣ бояд дар муҳлати муқарраршуда ба поён расад. Тибқи нақша, то 1 сентябр бояд 11 мактаб ба истифода дода шавад", - афзуд Боронов.

Дафтари матбуотии ҳукумати Қирғизистон ҳамчунин афзуда, ки соли равон ба 79 деҳа қубури оби тозаи ошомиданӣ гузаронида хоҳад шуд.

Ба огаҳии Вазорати нақлиёти Қирғизистон, то охири соли 2020 бунёди 92 километр роҳи дорои аҳамияти стратегӣ ба поён расида, дар марказҳои маъмурии ин кишвар 152 километр роҳ дубора мумфарш мешавад.

XS
SM
MD
LG