Ссылки доступа

Қарори раиси Намангони Узбекистон ҳазорҳо ронандаи "Дамас"-ро аз ҷои кор маҳрум кард (видео)


Ронандагони мусофирбарҳои навъи "Дамас" дар Намангон мегӯянд, бо вуҷуди бекор шудани маҳдудияти ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар саросари Ӯзбекистон, онҳо наметавонанд дубора мусофирбариро оғоз кунанд.

Ба гуфтаи ронандагон, онҳо баъди эъломи карантин дар моҳи марти соли равон то ба ҳол кор намекарданд ва дар натиҷаи қарори беасоси раиси вилояти Намангон, ҳоло ҳудуди 10 ҳазор одам бекор мондааст.

Гуруҳи ронандагон бо талаби бекор кардани қарори раиси вилоят аз 8 август дар назди маъмурияти вилоят беш аз якуним соат ҷамъ шуданд, вале ягон мансабдор ба пеши онҳо набаромад ва бинобар ин маҷбур шуданд, ба унвонии ҳукумати Ӯзбекистон муроҷиатномаи видеоиеро сабт ва нашр кунанд.

Ронандагон дар муроҷиатномаи худ гуфтаанд, раиси Намангон бо судури як қарор мусофирбарӣ бо мошинҳои навъи "Дамас"-ро, ки истеҳсоли дохилӣ буда, ҳар кадоме 50-60 миллион сӯм (4900-5900 доллар) харидорӣ шудааст, манъ кард. Ба гуфтаи онҳо, барои нақзи ин қарор ҷаримаи ҳангуфт низ пешбинӣ кардаанд.

Як соҳибкор аз Намангон, ки ба ронандагон дар дарёфти иҷозатномаи мусофирбарӣ мусоидат мекард, мегӯяд, дар натиҷаи қарори раиси вилоят танҳо дар як ноҳия ҳудуди ҳазор одам бекор мондааст.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомоти Намангон кушиш мекунанд, ҳаракати мошинҳои "Дамас"-ро дар ҳудуди вилоят манъ кунанд.

Худи мақомоти Намангон тасмими худ барои манъи мусофирбарӣ тавассути мошинҳои "Дамас"-ро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG