Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон гуфт, шумори хидматчиёни давлатиро кам мекунад


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пешниҳод кард, ки ниҳоди нави давлатӣ - оҷонси банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот таъсис дода шавад.

Тоқаев 1 сентябр ҳангоми ироаи паём ба мардуми Қазоқистон дар порлумон гуфт, ин ниҳод, ки ба гуфтаи вай, "шӯрои олии президентӣ оид ба ислоҳот аст", бевосита ба ӯ итоат хоҳад кард. Ба ҳайати он кумитаи омор шомил хоҳад шуд, ки ҳоло тобеи Вазорати иқтисоди миллӣ аст.

Вай ҳамчунин хост, оҷонси ҳимояти рақобат таъсис дода шавад, ки он ҳам бевосита ба президент итоат мекунад. Шумори кормандони ниҳодҳои пешниҳодӣ гуфта нашуд.

Дар ҳамин ҳол, президенти Қазоқистон зарурати коҳиши хидматичиёни давлатиро низ ба миён гузошт. Ӯ хабар дод, ки теъдоди хидматчиёни давлатӣ дар соли равон 10 дарсад ва дар соли оянда 15 дарсад кам мешавад. Вале маоши хидматичиёни давлатӣ боло бурда хоҳад шуд.

Тоқаев ҳамчунин аз бекор шудани мақоми котиби масъул дар вазоратхонаҳои ин кишвар то охири соли равон ҷонибдорӣ кард. Ин мақом дар Қазоқистон соли 2007 дар давраи раҳбарии президенти пешин Нурсултон Назарбоев таъсис ёфта буд.

Ӯ изҳор дошт, ки Қазоқистон ба "модели нав"-и идорӣ ва навсозии низоми дастгоҳҳои давлатӣ ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG