Дар ин бора дар иттилоияе гуфта шудааст, ки онро сомонаи Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон 1 сентябр нашр кард. Коршиносони СММ афзудаанд, ки ҳамчунин дар бораи мавриди хушунат қарор гирифтани занону кӯдакон дар Белорус, аз ҷумла хушунати ҷинсӣ ва таҷовуз тавассути чӯбдастҳои резинӣ далел дар даст доранд.
Ба гуфтаи манбаъ, дасти кам наздикони шаш нафар дар бораи маҳали нигаҳдорӣ ва вазъи саломатии наздиконашон хабар надоранд.
СММ мақомоти Белорусро ба қатъи шиканҷаи боздоштшудаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое даъват карда, ки дар ин кор даст доранд. "Озодӣ аз шиканҷа яке аз се ҳуқуқи муҳими инсон аст, ки дар ҳеч гуна шароит набояд поймол ё боз дошта шаванд", - афзудааст манбаъ.
Мақомоти қудратии Белорус дар рӯзҳои аввали эътирозҳои оммавӣ зидди натиҷаҳои расмии интихоботи президентии 9 август тазоҳургаронро ба таври бераҳмона ва хушунатомез саркӯб карданд. Дар давоми се рӯз, аз 9 то 11 август ҳудуди 7 ҳазор одам дастгир шуда, садҳо тани дигар осеб диданд. Чандин нафар низ ҷон бохтааст.