Ссылки доступа

Рӯзноманигорони дар эътирозҳои Минск боздоштшударо дар додгоҳ муҳокима мекунанд


Пулиси Белорус хабар дод, ки рӯзноманигорони боздоштшударо бо моддаи "Вайрон кардани тартиби ташкил ва ё баргузории чорабиниҳои ҷамъиятӣ" муҳокима мекунанд.

Ин модда ҷарима ва ё ҳабси маъмуриро дар бар мегирад. Муҳокимаи рӯзноманигорони дар ҷараёни эътирозҳои Минск боздоштшуда имрӯз, 2 сентябр дар назар аст.

Айни замон мақомоти пулиси шаҳри Минск 6 рӯзноманигорро дар боздошт нигаҳ медоранд.

Ба навиштаи расонаҳо, ҷамъе аз одамон бо нишони пуштибонӣ аз рӯзноманигорон пушти дари идораи пулиси Минск гирд омадаанд.

Эътилофи рӯзноманигорони Белорус талаб кард, ки боздоштшудаҳо фавран озод карда шаванд.

Рӯзноманигороне, ки ба инъикоси эътирозҳои мардумии Минск машғул буданд, соати 17:00 рӯзи 1 сентябр боздошт шуданд.

Аз замони шуруъи эътирозҳои мардумӣ - 9 август ба ин тараф - хабарнигорони бархе аз расонаҳоро дар Белорус то 10 маротиба боздошт ва раҳо карданд. Ин бори аввал аст, ки рӯзноманигорони боздоштшударо дар додгоҳ муҳокима мекунанд.

Пештар аз ин мақомоти Белорус иҷозатномаи фаъолияти хабарнигорони телевизиони "Настояшее время", бахши белорусии Радиои Озодӣ, телевизиони олмонии ARD, хабарнигорони ББС, AFP ва Associated Press-ро бекор карда буданд. Бидуни иҷозатнома хабарнигорон наметавонанд, дар Белорус фаъолият кунанд.

XS
SM
MD
LG