Ссылки доступа

Қазоқистониҳо ҳаққи гирифтани як қисми пасандозҳои нафақаро дарёфт мекунанд (видео)


Казахстанцам разрешат забирать деньги из Пенсионного фонда. Как это будет?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:02 0:00

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар паёми худ хабар дод, ки рӯзҳои наздик ба сокинони кишвараш иҷозат дода мешавад, як қисми пасандозҳои нафақаро бигиранд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти қазоқ мехоҳанд, ба сокинон имкони истифодаи пасандозҳои худро фароҳам кунанд. Қарор буд, ин кор соли гузашта анҷом шавад, вале нашуд.

Баҳси пасандози нафақаи қазоқистониҳо аз соли гузашта ба ин сӯ идома дорад. Тоқаев соли 2019 дар паёми нахустини худ хост, механизме таҳия шавад, ки ба қазоқистониҳо иҷозат диҳад, пасандозҳои худро ҳангоми табобат ё хариди манзил истифода кунанд.

Ҳукумат он замон чунин пешниҳод кард: пулҳоро шаҳрвандоне метавонанд бигиранд, ки маблағи заруриро ҷамъ кардаанд. Дар ҳисоби мардҳо 6,5 млн танга (ҳудуди 15,5 ҳазор доллар) ва дар ҳисоби занҳо камтар аз 10 млн танга (23 ҳазор доллар) бояд бошад.

Коршиносон ва бештари қазоқистониҳо ин идеяро ноком номиданд. Ҳоло талоши дувум анҷом мешавад. Тоқаев дар паёмаш афзуд, ки шумори довталабони гирифтани пасандозҳои нафақаро афзоиш медиҳанд. Дар Вазорати меҳнат гуфтанд, ки танҳо беш аз 720 ҳазор одам ҳаққи гирифтани пасандозҳоро дарёфт мекунад.

XS
SM
MD
LG